Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Боку пулис даҳҳо нафар мухолифонро боздошт кард


Тазоҳурот дар Боку

Тазоҳурот дар Боку

Дар Боку-пойтахти Озарбойҷон имрӯз пулис бо гурӯҳе аз тазоҳуркунандагони мухолифони давлат вориди задухӯрд шуд. Мухолифон тақозо мекарданд, ки дар ин кишвари худкома озодии баён ва матбуот таъмин шавад. Бино ба гузоришҳо, пулис даҳҳо нафарро ба муҳосира даровардааст ва онҳоро маҷурӣ ба мошинҳо нишондааст.

Ин тазоҳурот дар назди бинои Телевизиони Мардумӣ баргузор шуд. Дар бораи шумораи дақиқи боздоштшудагон маълумот дода намешавад. Як сухангӯи мухолифон ба матбуот гуфтааст, ки Гулоқо Аслонӣ ва Тофиқ Яъқубӣ-ду раҳбари ҷунбиши мухолифон боздошт шудаанд. Гузел Байрамӣ-муовини раиси ҳизби Ҷабҳаи Мардумии Озарбойҷон низ боздошт шудааст, вале вайро баъдтар раҳо кардаанд.

Дар ин рӯзҳо дар Боку марҳилаҳои муқаддамотии озмуни байналмиллалии таронаҳои “Евровидение-2012” идома дорад. Мухолифон бо ин роҳ мехоҳанд таваҷҷуҳи маҳофили байналмиллалиро ба нақзи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон ҷалб кунанд.
XS
SM
MD
LG