Пайвандҳои дастрасӣ

ИА мехоҳад, ки Юнон дар қаламарви евро бимонад


Ҳерман Ван Ромпу

Ҳерман Ван Ромпу

Дар нимаи аввали 24 май раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи аввали кори худро ба поён бурданд. Ҳерман Ван Ромпу-раиси Иттиҳодияи Аврупо гуфт, раҳбарони Аврупо мехоҳанд, ки Юнон дар қаламрави пули евро бимонад, вале бояд ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад.

27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти худ ин масъаларо баррасӣ мекунанд, ки оё барномаҳои маҳдудкунандаи молиро барои аз бӯҳрони кунунии молӣ берун овардани Аврупо ба тасвиб расонанд ё рушди иқтисодро дар садри барномаҳои худ қарор диҳанд.

Имкони хуруҷи Юнон аз қаламрави пули евро ба мушкилоти иқтисодии Аврупо илова шуд. Ду масъала, яъне бартарӣ ба рушди иқтисод ва барномаҳои маҳдудкунандаи молӣ Иттиҳодияи Аврупоро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Масалан, Ангела Меркел-нахуствазири Олмон мегӯяд, ки бояд барномаҳои маҳдудкунанди молиро ба тасвиб расонд, вале Франсуа Олланд-раиси нави Фаронса мегӯяд, ки бояд бештар ба рушди иқтисод такя зад.
XS
SM
MD
LG