Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуввуми музокироти ҳастаии Эрон идома дорад


Музокироти Бағдод
Музокироти Бағдод
Рӯзи дуввуми музокироти 6 кишвари муҳими ҷаҳон, ки бо номи 5+1 машҳур аст, бо Эрон дар Бағдод-пойтахти Ироқ идома дорад. Рӯзи чаҳоршанбе ҷонибҳои музрокира натавонистанд ба натиҷае бирасанд, зеро ҳар ду ҷониб саъй мекарданд, пешниҳодҳои худро бештар матраҳ кунанд.

Британияву Чин, Фаронсаву Олмон ва Русияву Арико аз Эрон хостаанд, ки дар сатҳи 20 дарсад ғанисозии урани худро боздорад. 20 дарсад урани ғанишуда сатҳест, ки ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ наздик мебошад.

Ин кишварҳо пешниҳод кардаанд, ки дар иваз ба Эрон изотопҳои ҳастаӣ ва барои ҳавопаймоҳои кӯҳнашудаи ин кишвар қисмҳои эҳтиётӣ медиҳанд. Бино ба гузоришҳо, Эрон гуфтааст, агар таҳримҳои байналмиллалӣ сабуктар шавад, бо Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ ҳамкориҳояшро бештар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG