Пайвандҳои дастрасӣ

AI Тоҷикистонро барои шиканҷа ва хушунат танқид кард


Сафаралӣ Сангов

Сафаралӣ Сангов

Афви Байналмилалӣ дар гузориши солонаи худ ба шиканҷа, озодии баён ва хушунати занон дар Тоҷикистон таъкид кардааст.

Созмони Афви байналмилалӣ дар бахши Тоҷикистони гузориши солонааш, ки рӯзи 24-уми май нашр шуд, навишт, дар соли 2011 дар ин кишвар замонати роҳ надодан ба шиканҷа, ки дар қонунгузориаш дарҷ шудааст, на ҳамеша муроот мешуд. Ҳамчунин, ба навиштаи ин созмон, маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён боқӣ мондааст ва мақомот натавонистанд ҷилавгирии муассир аз мавридҳои хушунат алайҳи занон ва кумак ба қурбониёни чунин хушунатҳоро таъмин кунанд.

Афви Байналмилалӣ мегӯяд, бо вуҷуди ислоҳи қонун дар соли 2010, мақомоти милиса ва ниҳодҳои дигари қудратии Тоҷикистон ҳамчунон бидуни муҷозот ба истифода аз шиканҷа ва шеваҳои дигари бадрафторӣ идома медоданд.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ба ҳамин далели вуҷуди мавридҳои саросарии шиканҷа талаб мекард, ки муҷримонро ба Тоҷикистон истирдод накунанд. Гузориш қазияи пурсарусадои Сафаралӣ Санговро мисол овардааст, ки бар асари латукӯб дар боздошт ҷон бохт, вале афсарони муҷрим дар ҳалокати Сангов танҳо бо ҷурми “хунукназарӣ” маҳкум шуданд.

Мисоли дигари Афви байналмилалӣ аз Илҳом Усмонов аст, ки ҳамроҳ бо 52 тани дигар бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон ба додгоҳи вилояти Суғд эҳзор шуд. Усмонов ва шариконаш дар додгоҳ аз шиканҷа шикоят карданд, вале қозӣ ба ин арзи онҳо эътибор надодааст.

Мояи дигари интиқоди Афви байналмилалӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ва ду додгоҳи пурсарусадои соли гузашта алайҳи хабарнигорон аст. Хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар ниҳоят бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир ба 3 соли зиндон маҳкум ва билофосила бар асоси қонуни афв раҳо карданд. Аммо хабарнигори “Нури зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки ибтидо 7000 доллар ҷарима баста шуда, аз ҳаққи фаъолияти журналистӣ маҳрум карда шуд, тавонист дар додгоҳи мунсифа ба лағви ҷарима ноил шавад.

Ин бор Афви байналмилалӣ як қисмати умдаи бахши Тоҷикистони гузориши солонаашро ба хушунат алайҳи занону духтарон бахшида, мегӯяд, хушунати хонаводагӣ, ки як омили аслиаш нотавонии давлат дар амри пешгирӣ аз никоҳҳои барвақтист, як мушкили ҷиддӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва танҳо аз 1-уми январ синни ҳадди ақали издивоҷи духтарон дар ин кишвар аз 17 то 18 боло бурда шуд.

Гузориш бо таассуф меафзояд, шумори паноҳгоҳҳо барои қурбониёни хушунат дар Тоҷикистон хеле кам аст ва тарҳи қонуни ҳимояти иҷтимоиву ҳуқуқӣ аз хушунат дар хонавода ҳам, ки чанд сол боз муҳокима мешуд ва тирамоҳ ба дасти порлумон расид, то ҳанӯз тасвиб нашудааст.
XS
SM
MD
LG