Пайвандҳои дастрасӣ

Боронгариҳо дар чор моҳ 28 миллион сомонӣ зиён овардаанд


Дафтари матбуоти Кумитаи изтирории Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 24-уми май, ба Радиои Озодӣ гуфт, боронгариҳои чаҳор моҳи ахир дар ноҳияҳои кишвар ҳудуди 28 миллион сомонӣ зарар овардаанд.

Кумитаи мазкур расман 226 ҳаводиси офати табииро ба қайд гирифтааст, ки дар натиҷа манзилҳои зист дар кӯҳдоманҳо хароб шуда, даҳҳо километр роҳҳои автомобилгард ва заминҳои кишт нобуд шудаанд. Бар асари сели зиёд молу чорво ҳам талаф ёфта, лӯлаҳо ва пулҳо осеб дидаанд.

Аммо мардуми деҳот дар шаҳристонҳову вилоятҳои кишвар мегӯянд, бар асари селобҳо дар ин баҳор бештар зарар дидаанд. Ҳоло онҳо мунтазири кумак аз тарафи мақомоти давлатӣ ва созмонҳои кумакрасони байнулмилалӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG