Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди довталабони мизбонии Бозиҳои олимпӣ коҳиш ёфт


Боз ду шаҳр – Боку, пойтахти Озарбойҷон ва Доҳа – пойтахти Қатар аз феҳристи довталабони баргузории Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2020 берун карда шуданд. Дар ин бора дар нишасти раҳбарони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар шаҳри Квебеки Канада тасмим гирифта шуд.

Ба ин васила дар феҳрист се шаҳр – Истамбул, Токио ва Мадрид боқӣ монданд. Номи шаҳри мизбони Бозиҳои олимпии соли 2020 моҳи сентябри соли 2013 эълон мешавад.

Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2012 дар Лондон ва соли 2016 дар Рио-де-Жанейро баргузор хоҳанд шуд. Дар Олимпиадаи Лондон 13 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG