Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бадахшони Афғонистон панҷ табибро рабуданд


Дар вилояти Бадахшон, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, панҷ корманди созмони хайрияи Швейсария - Med Air аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос рабуда шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ду зани табиби рабудашуда - шаҳрвандони Бритониё ва Кения ва се нафари дигар - афғонанд. Кормандони Med Air рӯзи сешанбе аз шаҳри Файзобод ба волусволии Ёвон мерафтанд, то ки беморони бар асари обхезии ахир осебдидаро муолиҷа кунанд.

Абдулмаъруф Росих, сухангӯии волии Бадахшон гуфт, ки афроди рабудашуда зиндаанд ва ба як деҳаи минтақаи Шаҳрибузург бурда шудаанд.

Мақомоти вилояти Бадахшон талош доранд, ки бо одамрабоён дар тамос шаванд.
XS
SM
MD
LG