Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Миср идома меёбад


Имрӯз дар Миср раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ идома хоҳад кард. Рӯзи аввали раъйдиҳӣ, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар маҷмӯъ ором гузашт. Бар асари навбатҳои тулонӣ дар назди қитъаҳои интихоботӣ тасмим гирифта шуд, ки овоздиҳӣ як соат тамдид шавад. То ҳол камтар аз 50 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қутттиҳои овоздиҳӣ омадаанд.

Барои дарёфти мақоми раисиҷумҳури Миср 13 нафар вориди сабқат шудаанд. аммо, ба гуфтаи коршиносон, панҷ нафари онҳо – раиси пешини Иттиҳоди кишварҳои араб Амр Мусо, намояндаи исломгароҳои мӯътадил Абдулмунем Абдулфутӯҳ, номзади “Ихвон-ул-муслимин” Муҳаммад Мурсӣ, нахустивазири пешини Миср Аҳмад Шафиқ ва сиёсатмадори чапгаро Ҳумдин Сабоҳӣ шонси пирӯзӣ доранд. Агар дар даври аввал нафаре аз довталабон ба пирӯзӣ даст наёбанд, моҳи июн даври дуюми интихобот баргузор хоҳад шуд.

ИМА аз интихоботи президентии Миср истиқбол кард ва онро “марҳалаи муҳим” дар роҳи кишвар сӯи демократия номид.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ барои нахустин бор баъд аз истеъфои Ҳуснӣ Муборак бар асари эътирозҳои мардумӣ дар моҳи феврали соли гузашта доир мешавад.
XS
SM
MD
LG