Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин ба кори дигар гузашт, аммо ҳукуматеро сохт, ки бе сарвазир низ сиёсатҳои ӯро идома хоҳад дод.

Бо ҷойивазкунии Владимир Путин ва Дмитрий Медведев дар мақомҳои раисиҷумҳур ва сарвазир мансабдорони зиёде дигарбора аз ҳайати ҳукумат ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва баръакс аз Кремл ба Хонаи ҳукумат кӯчиданд. Аз ҷумла ҳафт вазири ҳукумати Русия мушовирони президент табдил ёфтанд. Инҳо -- вазирони пешини нақлиёт, беҳдошт, маориф, иқтисод, мухобирот ва энержӣ. Вазири собиқи умури дохилӣ Рашид Нургалиев муовини дабири Шӯрои амнияти президент таъин шуда, Николай Патрушев дар мақоми дабири Шӯрои амният боқӣ монд. Сергей Иванов дар вазифаи пешинаш, яъне раиси дастгоҳ ифои вазифа хоҳад кард. Аз Данила Галперович, корманди Бахши русии Радиои Озодӣ дар Маскав -- муҳаққиқи масъалаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Русия пурсидам, хабари асосӣ дар ин таҳаввулот чӣ буда метавонад?

Данила Галперович: "Хабари асосӣ таъиноти Владимир Колоколтсев, раҳбари пешини Сарраёсати умури дохилии Маскав ба мақоми вазири умури дохилии кишвар аст. Ин мақоми давлатиро дар сохтори полис дар муқоиса бо Рашид Нургалиев аз аҳли фаҳм ва аз нафароне мегӯянд, ки метавонад, ба фикри ҷомеа гӯш кунад. Моҳи март, масалан, вай ба ходимони полис амр дод, ки ба кормандони матбуот таваҷҷӯҳ ва аз лату кӯбу озори онҳо худдорӣ кунанд. Тағйири дигар то андозае пешгӯишаванда буд. Аз пеш маълум буд, ки Игор Сечин, "дасти рост"-и Путин ва Виктор Зубков, ки ду дафъа ҳукуматро раҳбарӣ кардааст, дар ҳукумати Дмитрий Медведев намемонанд. Медведев ошкоро мегӯяд, ки бештар бо ҳамсолон ва одамони навовар майли кор кардан дорад. Дар мақоми муҳими муовини нахуствазир дар умури саноату энергетика шахсе таъин шуд, ки Аркадий Дворкович ном дошта, ёвари собиқи президент дар умури иқтисодист. Дар маҷмӯъ, ин таъйинот пешгӯишаванда буданд ва онҳоеро, ки ба ӯ хизмат кардаанд, ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ бурдааст. Масалан, Нургалиев ҳоло муовини дабири шӯрои амният, яъне муовини Николай Патрушеве шуд, ки дар вазифааш монд ва ӯ замоне раҳбарии КГБ-и Карелияро ба ӯҳда дошт ва он ҷо ҳам Рашид Нургалиев муовини Патрушев буд. Як таъиноти ҷолиби дигар ин аст, ки муовини шаҳрдори Маскав Олга Головетс муовини нахуствазир дар масоили иҷтимоӣ таъин шуд, дар ҳоле, ки ҳанӯз ҳафтае пеш касе тасаввур намекард, ки дар мадди назари Путин чунин исме бошад. Бояд таъкид кунам, ки аз миёни ҳафт муовин, Головетс ва Дворкович муовинони нави нахуствазиранд ва дигарҳо қаблан ҳам дар ин вазифаҳо кор кардаанд."

Радиои Озодӣ: Данила, дар вазифаҳои худ мондани вазирони дифоъ Анатолий Сердюков ва умури хориҷӣ Сергей Лавровро шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Данила Галперович

Данила Галперович

Данила Галперович: "Ба фикри ман, аз нигоҳи Владимир Путин кори ҳардуи онҳо муассир будааст. Дар воқеъ, барои иҷрои нақше, ки Сергей Лавров ба худ ихтисос додааст, пайдо кардани ҷойгузине хеле душвор аст. Чунки ӯ дар замони раҳбарии Дмитрий Медведев ҳам сиёсати хориҷиро аз рӯи дидгоҳи Владимир Путин пиёда мекард ва гоҳо назари ӯ ба сиёсати хориҷӣ бо дидгоҳи Медведев андак тафовут дошт. Анатолий Сердюков бошад, бо вуҷуди эътирозҳое чанд дар доираи раҳбарони низомӣ, ба ӯ муяссар шуд, ки дар баъзе бахшҳо ислоҳот кунад. Дар доираҳои артиш ӯро чандон дӯст намедоранд. Аз сӯи дигар, ин мақом то андозае қавмӣ аст, чунки Сердюков домоди Виктор Зубков аст, ки бо Путин робитаҳои қадимаи дӯстонаву корӣ дорад.

Радиои Озодӣ: Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, ки Путин бо таъйиноти нав аслан доираи маълуми одамонро вазифа дод, тибқи табиати худ, аз шахсиятҳои мустақил канорагирӣ карда, онҳоеро интихоб кард, ки ба ӯ садоқат доранду мавриди эътимоди ӯянд. Шумо бо ин андешаҳо розӣ ҳастед ва баҳои Шумо ба ин ҳукумат чист?

Данила Галперович: Бисёре аз таҳлилгароне, ки худи ман ҳам бо онҳо дар Маскав сӯҳбат кардам, рост мегӯянд, ки ҳукумати феълӣ мақоми “статус кво” ё ҳолат мавҷудро ҳифз мекунад. Яъне ба вазифаҳои зиёд ӯ онҳоеро таъин кард, ки зери дасти худаш дар ҳукумат кор мекарданд. Ва вақте Медведев аз Амрико баргашт, бо феҳрасти ниҳоии аъзои ҳукумат шинос шуд, ки барояш Путин онҳоро таъин карда буд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки Путин сиёсати идомакориро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар дидгоҳҳояш аз замони нахуствазирӣ нигоҳ хоҳад дошт, ки яке - ҳифзи як андоза патернализм ё падарсолории буҷа аст, то ки назорати сарфу харҷи маблағҳо дар бахши иҷтимоӣ мавриди назари хоси ҳукумат бошад ва ҳеҷ таъхире дар ин соҳа роҳ наёбад ва дигаре – низомикунонии иқтисоди Русия мебошад. Ҳифзи Сердюкову Рогозин дар мақомҳояшон аз ҳамин ҷо бармеояд. Ин ҳукумат бояд сиёсати ӯро баъди гузаштанаш ба Кохи Кремл идома диҳад."
XS
SM
MD
LG