Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон ду зани хориҷиро рабудаанд


Ду зани хориҷӣ ва 3 ҳамкори афғони онҳоро, ки барои як созмони байналмилалии имдодӣ кор мекарданд, дар вилояти Бадахшон дар шимолушарқи Афғонистон рабудаанд. Абдулмаъруф Росих- сухангӯии волии Бадахшон гуфт, силоҳбадастони ношинос ин гурӯҳро ҳамгоми сафар аз улусволии Яфтол ба Роғистон асир гирифтаанд. Гуфта мешавад, як хориҷии рабудашуда аз Африқо ва дувумӣ аврупоӣ будаанд. Исми ин 5 нафар ва созмони онҳо эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG