Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 сол ҳукми табибе, ки Бин Лоденро пайдо кард


Низоми додгоҳии ноҳияи Хайбар, бахше аз сарзаминҳои қабиланишини Покистон, табиберо, ки ба кумак ба Амрико дар амри пайдо кардани паноҳгоҳи раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден айбдор мешуд, ба 33 соли зиндон маҳкум кардааст. Шокил Афридӣ, ки ду моҳ пеш аз мақоми табиби давлатӣ барканор шуд, ба тадвири маъракаи ҷаълии воксинзанӣ дар Аббатобод, ки ба ташхиси макони Бин Лоден кумак кард, айбдор мешуд. Бин Лоден моҳи майи соли гузашта дар манзилаш дар Аббатобод аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико кушта шуд.
XS
SM
MD
LG