Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ADB барои Норак 55 миллион $ ҷудо мекунад


Нирӯгоҳи Норак
Нирӯгоҳи Норак
Парлумони Тоҷикистон имрӯз қарордод бо Бонки осиёии рушд дар мавриди тарҳи бозсохти як зеристгоҳи нирӯгоҳи Норакро тасвиб кард. Ба гуфтаи мақомоти «Барқи тоҷик», ин зеристгоҳи сохти ҳанӯз соли 1982 хеле фарсуда шудааст. Тибқи тавофуқ, Бонки осиёӣ барои тармими ин бахши нирӯгоҳи Норак 54,7 миллион доллар ҷудо мекунад. Иҷрои тарҳро бар асоси тендер ба ширкати олмонии «Аустон» супурдаанд.
XS
SM
MD
LG