Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Туркманистон то Ҳинд лӯлаи газ хоҳанд кашид


Намояндагони Туркманистону Покистон ва Ҳинд ба қарордоди эҳдоси лӯлаи газе имзо гузоштанд, ки аз конҳои Туркманистон тавассути Афғонистон то ба Покистону Ҳинд кашида хоҳад шуд. Ин тарҳи таҳти ҳимояти Амрико имрӯз дар осоишгоҳи Аваза дар соҳили баҳри Хазар ба имзо расид. Мақомоти туркман мегӯянд, ин лӯлаи 1735-километрӣ, ки харҷи сохтанаш 7,6 миллиард доллар баровард мешавад, дар сол қодир ба ҳамлунақли то 33 миллиард метри мукааби газ хоҳад шуд.
Ирфон Ашраф Қозӣ, сухангӯи вазорати нафти Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин лӯла аз кони Усмони ҷанубӣ то Ҳирот, аз инҷо то Қандаҳор ва сипас то Чаману Жоб ва Бибихону Мултон хоҳад рафт.»
Таҳлилгарон мегӯянд, ин лӯла ба Амрико имкони дар инзивоъи бештар қарор додани Эронро фароҳам оварда, ба Ишқобод ҳам даст хоҳад дод, бозори фурӯши газашро ба манотиқи фаротар аз Русияву Чин густариш диҳад.
XS
SM
MD
LG