Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар бозии даври ҳафтуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Парвоз” ва “Хайр” меҳмонон дар ҷараёни бозӣ ба сардовар ҳамла карданд.

Ёдовар мешавем, ин бозӣ, ки рӯзи 20-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мизбон - “Парвоз” бо ҳисоби 5:2 ба анҷом расида буд.

Баъди он ки сардовари бозӣ Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) ба Далер Шарифов, бозигари “Хайр”-и Ваҳдат, дар дақиқаи 38-ум корти сурх нишон дод, футболбозону роҳбарони дастаи меҳмон ба нишони эътироз ба ӯ ҳуҷум карданд, ки ин ҳодисаи нохуш аз рӯи навори дар You Tube ҷой додашуда беш аз 6 дақиқа идома кардааст.

Ин ҳодиса рӯзи 23-юми май дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ба иттилои Сафар Каримов, раиси ин кумита, гунаҳкорон муҷозот шуданд.

Далер Шарифов, бозигари “Хайр”, аз ду бозии минбаъдаи сабқати Лигаи олӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ, Ҳикматулло Ёқубов, духтури ин даста аз 7 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5000 сомонӣ, Қутбиддин Хайров, раиси клуби футболи “Хайр”, аз 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Инчунин роҳбарияти бошгоҳи футболи “Парвоз” барои таъмин накардани тартиботи зарурӣ дар майдон ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG