Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 130 муҳоҷир дар "Литературная газета"


Мақомоти Русия дар ҳудуди шаҳраки бӯстонсароҳои «Литературная газета» дар ноҳияи Долгопруднийи вилояти Маскав 130 хориҷӣ, бо шумули занони кӯдаконро ошкор кардаанд. Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфт, 40 тани онҳо дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ва дар ҳоли ҳозир масъалаи ихроҷи онҳо баррасӣ мешавад. Афроди боздоштшуда атбоъи Узбакистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон буда, дар як анбори меваву сабзаҷоти воқеъ дар канори шаҳрак кор мекарданд.
XS
SM
MD
LG