Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки ҷаҳонӣ аз «ҷараён ва усули таҳқиқ»-и тарҳи нерӯгоҳи Роғун изҳори нигаронӣ мекунад.

Зимни як баёния аз натиҷаҳои сафари Филипп Ле Уэру, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ба Душанбе, ин ниҳод аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостори «дар шакли қаноатбахш ҳал кардани ҳама суолҳои боз» дар ин маврид шудааст. Дар ин баёния «суолҳои боз» дар «ҷараёну усули таҳқиқ»-и нерӯгоҳи Роғун тафсилоте оварда намешавад.

Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе масъулияти шарҳи ин баёнияро ба далели ба дафтари марказии бонк рабт доштани oн аз дӯши худ соқит кард.

Ҳамчунин ниҳодҳои масъули Тоҷикистон, қабл аз ҳама вазорати энержӣ ва саноат ва ҳам «Барқи тоҷик» дар ин маврид изҳори беиттилоотӣ карданд ва ба ин суол, ки оё Тоҷикистон чаро ва чӣ тавр ба таҳқиқи Бонки ҷаҳонӣ дар нерӯгоҳи Роғун халал мерасонад, касе нахост сӯҳбат кунад.

Дар ҳамин ҳол, манобеи наздик ба нерӯгоҳи Роғун мегӯянд, барои раҳбарони нерӯгоҳ рӯшан нест, ки асли матлаби Бонки ҷаҳонӣ чист. Вай афзуд, ҷониби Тоҷикистон худ мубтакири ташхиси фанниву зистмуҳитии нерӯгоҳ аст, на ягон ҷониби дигар.

Бонки ҷаҳонӣ ишора мекунад, ки сар аз соли 1996 ин ниҳоди бузурги байнулмилалӣ ба 85 тарҳ ҳудуди 700 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ва ин тарҳҳо барои мардуми Тоҷикистон дастрасӣ ба маълумоти босифат, ёрии тиббӣ, такмили ҳуқуқ ба замин, афзоиши ҷойҳои корӣ дар деҳот, рушди бахши хусусиро содда мекунанд. Бино ба иттилои ин манбаъ, тайи солҳои 2009 – 2011 кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон аз 75 ба 155 миллион доллар афзудааст.

Дар баёнияи Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки тарҳи коҳиши хароҷот дар сохтори барқрасонӣ бо сармоягузории Бонк 30 июни соли равон анҷом меёбад ва масъалаи сармоягузории ду таҳқиқ ба хотири мутолиоти фанниву иқтисодӣ ва баҳогузории таъсири зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун ҳам сармоя ҷудо шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ба ин раванд кишварҳои ҳавза ҷалб хоҳанд шуд.




Бо ишора ба омор ва далелҳои Бонки ҷаҳонӣ иддае аз коршиносон мегӯянд, ин ниҳод бар аҳамияти фаъолиятҳои худ таъкид намуда, дар зимн Тоҷикистонро муттаҳам мекунад, ки тааҳҳудоташро бо ин ниҳод иҷро намекунад.

Нурулло Шулашов, собиқ директори сохтмони нерӯгоҳи Роғун мегӯяд, соле пеш дар нишасте бахшида ба нерӯгоҳи Роғун дар Алмаато Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод карда буд, ки сарбанд 180 метр бошад. Вай афзуд, бо ҳамин гуна пешниҳоду изҳороти беасос ин ниҳод мӯҳлати иҷрои тааҳҳудаш сари ташхиси нерӯгоҳи Роғун бо Тоҷикистонро кашол медоду медиҳад: «На фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон, вақте вазъи сиёсӣ масоили ҳалношуда дорад, сиёсатмадорон ба иттифоқи назар намерасанд, Бонки ҷаҳонӣ истифода мекунад. Онҳо дар ин корҳо хеле мутахассиси хубанд. Зарур ояд, то бист сол ҳам кори Роғунро кашол медиҳанд. Сиёсати онҳо чунин аст. Мо фурсатро аз даст додем. Ҳар қадар, ки маризӣ идома меёбад, табобат ё дахолати саривақтии ҷарроҳ нест, вазъи мариз бадтар мешавад».

Давлат Усмон

Давлат Усмон

Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон бо ишора ба сиёсӣ шудани қазияи Роғун мегӯяд, кишварҳои минтақа ва қудратҳо мехоҳанд аз ин нерӯгоҳ ба нафъи худ истифода кунанд: «Ҳар як аз инҳо барои имтиёз гирифтан аз Узбакистону Тоҷикистон гоҳ ба ин ва гоҳ ба он тараф изҳори назар мекунанд. Аз ҳамин хотир, роҳи ягона ин аст, ки Тоҷикистон дигар ба кишварҳо ё созмонҳои байнулмилалӣ такя накунад ва худ пайи сохтмон шавад».

Мухолифати Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистонро маҷбур карда буд, ки соли 2010 бо Бонки ҷаҳонӣ сари ташхиси байнулмилалии ин тарҳ мувофиқат кунад. Ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" мутолаоти молию фаннӣ ва ширкати шветсарии "Poyry Energy" санҷиши зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғунро зимни тендер ба дӯш гирифта буданд. Натиҷаҳои аввалӣ бояд охири соли 2011 ба анҷом расида, имсол комил мешуд. Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълом доштанд, ки натиҷаи ташхиси нерӯгоҳи Роғун аввали соли 2013 эълом мешавад.

Аммо баёнияи охир эҳтимоли ҳамкориҳои Бонки ҷаҳониву Тоҷикистонро дар масъалаи Роғун дар солҳои наздик зери суол мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG