Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон ғамхории ҳақиқӣ мехоҳанд, на зоҳирӣ ва идона


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Тоҷикистон соли 15-ум аст, Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад, вале мушкилоти онҳо бетағйир боқӣ мемонад.

Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар гӯшаву канори кишвар маросимҳое бо ширкати ҷавонон баргузор хоҳад шуд. Тавре аз шаҳрдори Душанбе ба «Озодӣ» хабар доданд, имрӯз 23-юми май шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо ҷавонони фаъоли пойтахт мулоқот хоҳад кард ва масоили марбут ба ҷавонон ва ширкати ҷавонон дар рушди пойтахтро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин қарор аст, дар робита ба ин ид мулоқоти собиқадорони ҷангу меҳнат бо ҷавонон дар мактабҳову қисмҳои низомӣ доир шавад. Баргузории сабқатҳои мухталифи варзишӣ ва маъракаи «Ҳазар аз нашъамандӣ ва СПИД», аз ҷумлаи маросимҳои дигари таҷлили Рӯзи ҷавонон аст.

Қаблан раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷавонони кишварро ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфта ва аз онҳо даъват кард, ки ватандӯсту меҳанпараст бошанд ва дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъол ширкат кунанд.

Феълан ҳудуди 70 дарсади сокинони Тоҷикистонро ҷавонон ташкил мекунанд. Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон сар аз соли 1997 ба ин сӯ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳоле ки мақомоти расмӣ ба он ҳолу ҳавои сиёсӣ медиҳанд, худи ҷавонон мехоҳанд, дар ин рӯз аз роҳҳои ҳалли мушкилоти онҳо сӯҳбат шавад. Биноан, қисме аз онҳо маъракаҳои Рӯзи ҷавононро як зоҳирпарастӣ меноманд.

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон нигарон ҳастанд. Ба ин манзур дар авоили моҳи ҷорӣ бо ибтикори вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кор бо занони Тоҷикистон дар бинои Донишгоҳи миллӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Марҳабо Ҳалимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ширкат карданд.

Ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи ҷинояткории наврасону ҷавонон ва дар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили расонидани зарари сахти ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, роҳзаниву ғоратгарӣ даст доштани онҳо зарурати ин гуфтугӯро ба миён овардааст.

Рамазон Раҳимов гуфт, танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин ҳисоб 12 ҳодисаашро куштор ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вазир, афзоиши ҷиноят тавассути насли наврас ва ҷавонони донишҷӯ мояи нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистон шудааст. Зеро ба таъкиди вай, танҳо аз оғози сол то имрӯз 230 нафар аз ҷавонон пушти панҷара рафтаанд ва 6 нафари онҳо донишҷӯ буданд.

Қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, афзоиши гирифторони вируси ВИЧ-СПИД, танфурӯшӣ ва ҳатто истифодаи маводи синтетикии нашъаовар дар марказҳои дилхушӣ тавассути ҷавонон низ аз нигарониҳоест, ки дар ин мулоқот таъкид шуданд.

Вазири корҳои дохилӣ ба мавридҳои, ба истилоҳ "ҷангҳои мактабӣ" миёни хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе низ ишора карда ва сабаби аслии ин гуна падидаи номатлубро дар вуҷуди маҳалгароӣ миёни ин ҷавонон арзёбӣ намуд.

Аммо Марҳабо Ҳалимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистонро бештар фурӯпошии оилаҳои ҷавон ба ташвиш овардааст. Вай гуфт, бар асоси омори расмӣ дар тӯли 3 моҳи ахир наздики ду ҳазор хонавода аз ҳам пошидааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки бар асоси омор 23 дарсади ҷиноятҳоро насли ҷавон содир кардаанд, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон, аз як сӯ бемасъулиятии волидайн ва аз сӯи дигар бетафовутии ҷомеаро боиси дар рӯҳияи носолим парвариш ёфтани бархе аз ҷавонону наврасон унвон кард.

Аммо ба таъкиди Неъматов, ҷалби ҷавонон ба варзиш метавонад онҳоро аз ҷинояткорӣ дур кунад. Ба гуфтаи вай, дар соли 2011 варзишгарони тоҷик 307 медал оварданд. Ва дар соле, ки гузашт Тоҷикистон 15 қаҳрамони ҷаҳон ва Осиёро тарбият карда, аллакай 12 роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондонро соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG