Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозот барои "қаллобӣ" дар фурӯши билетҳои Олимпиада


Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Украина Владимир Герашенко баъди он аз мақомаш барканор шуд, ки расонаҳо аз талоши ӯ барои бо қимати чанд ҳазор фунт-стерлинг фурӯхтани билетҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Лондон хабар доданд. Президенти Кумитаи миллии олимпии Украина Сергей Бубка изҳор намуд, ки як комиссиюни мустақил ба хотири тафтиши ин қазия таъсис мешавад.

Бар пояи хабарҳо, Герашенко мехост дар "бозори сиёҳ" тақрибан сад билетро фурӯшад.

Дар Бритониё касе, ки барои хариду фурӯши билетҳо ба Бозиҳои олимпӣ дар "бозори сиёҳ" боздошт мешавад, ба маблағи 20 ҳазор фунт ҷарима пардохт мекунад.

Владимир Герашенко аз соли 1997 Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Украина буд.
XS
SM
MD
LG