Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 4 нафар аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари зарбаҳои ҳавопаймои бесарнишин ба қароргоҳи ҷангиён дасти кам чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Покистон, ду мушак дар як бино дар минтақаи Табаии наздикиҳои Мироншоҳ, маркази Вазиристони шимолӣ, таркиданд.

Мақомоти Покистон баргузории амалиётҳо бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишинро маҳкум мекунанд ва онҳоро мудохила ба умури кишвар ва сабаби ҳалокати сокинони осоишта мехонанд, ки дар навбати худ боиси афзоиши рӯҳияи зиддиамрикоӣ дар минтақа мегардад.

Аммо ИМА ин зарбаҳоро василаи муҳими мубориза бо ҷангиёни Ал-Қоида дар марзҳои Афғонистон мехонад. Зимнан, рӯзҳои ахир зарбаҳои ин ҳавопаймоҳо коҳиш ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG