Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ мешавад


Юкия Амано дар Теҳрон
Юкия Амано дар Теҳрон
Дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, имрӯз давраи навбатии музокирот миёни Эрон ва ҳайатҳои панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон баргузор мешавад.

Дар арафаи ин гуфтушунид раиси Ожонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ Юкия Амано изҳор намуд, ки мақомоти Эрон барои тафтиши муассисаҳои ҳастаӣ аз сӯи нозирони байнулмилалӣ ризоят додаанд. Амано ахиран дар Теҳрон бо мақомоти Эрон музокирот анҷом дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ҳам миёни Эрон ва МАГАТЭ баъзе ихтилофи назарҳои ҷузъӣ боқӣ мондаанд, вале онҳо ба зудӣ ҳал хоҳанд шуд.

Бар пояи бархе хабарҳо, Теҳрон мехоҳад ба ивази тафтиши муассисаҳои ҳастаияш аз сӯи нозирон лағви таҳримҳои байнулмилалиро талаб кунад.

Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед дар арафаи музокирот дар Бағдод изҳороти Юкия Аманоро “қадаме ба пеш” номид ва аммо гуфт, ки Амрико ба ниятҳои Теҳрон на аз рӯи ваъдаҳо, балки аз рӯи амалҳояш баҳо хоҳад дод ва алҳол имкони лағви таҳримҳоро баррасӣ карданӣ нест.
XS
SM
MD
LG