Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райан Крокер ба истеъфо меравад


Райан Крокер
Райан Крокер
Сафорати ИМА дар Афғонистон хабари истеъфои қарибулвуқӯи сафир Райан Крокерро тайид кард. Дар изҳороти сафорат гуфта шудааст, ки Крокер тобистони ҳамин сол мақомашро тарк мекунад. Кохи сафед изҳор намуд, ки истеъфои сафир бо вазъи сиҳаташ бастагӣ дорад.

Райан Крокери 62-сола баъд аз бознишастагӣ моҳи июли соли гузашта ба кори дипломатӣ баргашт ва сафири Амрико дар Афғонистон таъин шуд. Аз ин пеш ӯ сафири ИМА дар Ироқ буд ва дар Покистон, Сурия ва Лубнон низ адои вазифа кардааст.

Коршиносон мегӯянд, ки замони сафирии Крокер дар Афғонистон миёни Вошингтону Кобул чанд бор бо сабабҳои гуногун моҷаро бархост.
XS
SM
MD
LG