Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Қарочӣ, воқеъ дар ҷануби Покистон, афроди ношинос сӯи ширкаткунандагони як гирдиҳамоии мухолифин оташ кушоданд.

Дар ин ҳодиса дасти кам 10 нафар кушта ва тақрибан 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Баъд аз тирандозӣ дар шаҳр нооромиҳо шурӯъ шуданд – эътирозгарон мошинҳоро ба оташ кашида, тирезаҳои дукону мағозаҳоро шикастанд.

Гирдиҳамоӣ аз сӯи созмони миллатгарои синдҳо мавсум ба Авами Таҳрик ба нишони эътироз алайҳи тарҳи ба ду қисмат ҷудо кардани вилояти ҷанубии Синд ташкил шуда буд.
XS
SM
MD
LG