Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши бомб дар Димишқ 5 кушта бар ҷой гузошт


Бар асари таркиши бомб дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия, дасти кам 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба навиштаи расонаҳои давлатии Сурия, ҳама кушташудагон – меҳмонони як тарабхона буданд, ҳарчанд ҳадафи ҳамла қароргоҳи полис буд.

Дар канори шаҳри Алеппо, воқеъ дар шимоли Сурия, 13 зойири шиамазҳаби лубнонӣ рабуда шуданд. Дар ин бора пайвандони рабудашудагон хабар доданд ва ба нишони эътироз чанд роҳи мошингард дар яке аз қисматҳои шаҳри Бейрутро бастанд.
XS
SM
MD
LG