Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Миср раисиҷумҳурро интихоб мекунанд


Имрӯз дар Миср раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ шурӯъ мешавад. Ин нахустин интихоботи сарвари кишвар баъд аз истеъфои раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак бар асари эътирозҳои мардумӣ дар моҳи феврали соли гузашта аст.

Қарор аст, ки тайи ду рӯз тақрибан 50 миллион сокинони Миср пойи қуттиҳои овоздиҳӣ биёянд. Барои дарёфти мақоми раисиҷумҳури Миср 13 нафар сабқат мекунанд, ки, ба гуфтаи коршинос, миёни онҳо – раиси пешини Иттиҳоди кишварҳои араб Амр Мусо, намояндаи исломгароҳои мӯътадил Абдулмунем Абдулфутӯҳ, номзади “Ихвон-ул-муслимин” Муҳаммад Мурсӣ, нахустивазири пешини Миср Аҳмад Шафиқ ва сиёсатмадори чапгаро Ҳумдин Сабоҳӣ барои пирӯзӣ шонсҳои бештар доранд.

Агар дар даври аввал нафаре аз довталабон ба пирӯзӣ даст наёбанд, моҳи июн даври дуюми интихобот баргузор хоҳад шуд.

Шӯрои олии низомии Миср, ки беш аз як сол боз раҳбарии Мисрро бар ӯҳда дорад, ваъдаи дар ихтиёри раисиҷумҳури нав гузоштани қудратро кардааст.
XS
SM
MD
LG