Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 10 нафарро дар таркиши қатори вилояти Твер гунаҳгор донист


Дар вилояти Твери ғарби Русия 10 нафар ҷангиёни исломӣ дар тарконидани як қатори маҳаллӣ ноябри соли 2009, ки 27 касро куштаву даҳҳо нафарро маҷрӯҳ гузоштааст, ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла, ҳукми зиндони абад муттаҳам дониста шуданд. Чаҳор нафар аз ин гурӯҳ ҳукми абад ва шаш нафари дигар аз ҳафт то ҳашт сол зиндонӣ шуданд. Додгоҳ паси дарҳои баста гузаштааст. Ҳамаи айбдоршудаҳо аз ҷумҳурии Ингушистони Қафқози шимолӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG