Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришгари вижаи СММ Анан Гровер ин ҳафта ба Тоҷикистон меояд то бо мақомоти тоҷик мавзӯи риоят шудани ҳуқуқи мардум бо беҳдоштро баррасӣ кунад.

Сафари оқои Гровер бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад ва аз 24-уми май то 1-уми июн идома хоҳад дошт.

Оқои Гровер бо пахши изҳороте пеш аз сафараш ба Душанбе гуфтааст, ки ният дорад таваҷҷӯҳи ҳукумат, шарикон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳалли масъалаи хизматрасонии беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ҷалб кунад. Вай мегӯяд, ки хароҷоти беҳдоштии мардуми ин кишвар аз се ду ҳиссаи бахши хароҷоти куллии беҳдоштро ташкил медиҳад.

Гузоришгари вижаи СММ афзудааст, дар баробари ин, мавзӯи риоя шудани ҳуқуқи беморони рӯҳӣ ва ҳам гирифторони силро ба хизматрасонии тиббиро бо мақомоти тоҷик дар миён хоҳад гузошт.

Дар муддати иқомати нӯҳрӯзаи худ дар Тоҷикистон, гузоришгари вижаи СММ талош мекунад, ки бо шахсони масъули ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон роҳҳои мубориза бо амроз, муолиҷаи бемориҳо ва ҳуқуқи башарро низ баррасӣ намояд.

Оқои Грове сафари худро рӯзи 31-уми май бо баргузории як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи идораи Барномаи рушди СММ дар Душанбе ҷамъбаст хоҳад кард. Анан Гровер аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон меояд.

Гузоришгари вижаи СММ коршиносии мустақил буда аз сӯи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ барои кӯмак ба кишварҳо ва ниҳодҳо дар амри болобурд ва ҳимояти ҳуқуқи бархӯрдорӣ ба беҳдош таъсис шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG