Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Кашф ва мусодираи "ҳайкалчаҳои мухаддирӣ"


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Душанбе аз қочоқи маводи мухаддири навъи метамфетамин пешгирӣ кардаанд.

Ходимони Идораи гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе аз қочоқи маводи мухаддири навъи метамфетамин ба маблағи беш аз 5 миллион доллар ҷилавгирӣ кардаанд.

Абдураҳими Умариён, масъули бахши иттиллооти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, кашфи чунин миқдори бузурги маводи мухаддир дар таърихи фаъолияти ин идора бесобиқа мебошад.

Масъули бахши иттилооти Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, ба ҳангоми муоинаи рентгении бағоҷи мусофирони хатсайри Душанбе-Алмаато дар рӯзи 19-уми май дар даруни ҷомадони як нафар мусофир 16 адад ҳайкалчаҳои ороишии сафолӣ пайдо шуд, ки дар дохили ин ҳайкалчаҳо маводи шубҳанок ҷойгир карда шудааст.

Ҳамин манбаъ илова кард, ташхиси лабораторӣ муайян кардааст, ки ин ҳайкалчаҳо ҳомили 62 килову 850 грамм маводди мухаддири навъи метамфетамин мебошад. Соҳиби ин миқдори бузурги маводи мухаддир як шаҳрванди хориҷӣ ва як сокини шаҳри Душанбе будаанд, ки қасд доштаанд ин маводдро ба Малайзия интиқол диҳанд.

Арзиши ин миқдори маводди мухаддир ба гуфтаи масъули бахши итилоотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон панҷуним миллион долларро ташкил медодааст. Абдураҳими Умариён ба хотири халал науфтодан дар ҷараёни тафтишот аз ифшои ному насаби соҳибони ин миқдори маводди мухаддир худдорӣ кард. Вале вай гуфт, ин қочоқбарон боздошт ва нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG