Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дари иншооти ҳастаиашро боз мекунад


Раҳбари оҷонсии ҳастаии СММ гуфт, ки Эрон "усулан" розӣ шуд, ки дар маконҳои машкуки атомии ин кишвар санҷиши байналмилалӣ анҷом шавад. Ҳанӯз созише ба ин манзур аммо ниҳоӣ нашудааст. Юкиа Амано, раҳбари оҷонси нирӯи ҳастаӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вена гуфт, ки дар наздиктарин фурсат созише миёни Теҳрону ин оҷонс имзо мешавад, вале ҳанӯз бояд масоили хурди мавриди ихтилофи тарафҳо аз байн равад. Вай гуфт, интизор аст, имкони боздиди аз як объекти низомии мавсум ба Парчин дар наздикии Теҳрон, ки Эрон мехоҳад дар он ҷо озмоишҳои кулоҳакҳои ҳастаиро барпо кунад, як бахши ин тавофуқҳо хоҳад буд. Изҳороти мазкур дар ҳолест, ки фардо дар Бағдод қарор аст нишасти намояндагони Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ барпо шавад. Саид Ҷалилӣ, раҳбари гурӯҳи музокиротии Эрон, ки аллакай дар пойтахти Ироқ ба сар мебарад, гуфт, умедвор аст, ки ин мулоқот оғози тозае дар ҳамкориҳои ду ҷониб хоҳад буд.
Тибқи гузоришҳо, эҳтимолан Эрон дар ин нишаст аз Ғарб даъват хоҳад кард, ки Теҳронро аз таҳримҳо озод кунад ва бар иваз, Ҷумҳурии Исломӣ муфаттишони байналмилалиро иҷоза хоҳад дод, ки аз маконҳои мавриди ташвиши онҳо дар қаламрави ин кишвар дидан кунанд.
XS
SM
MD
LG