Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон ба хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби СММ арзёбӣ мешавад


Гузоришгари вижаи СММ Анан Гровер рӯзҳои 24 май то 1 июн ба Тоҷикистон рафта бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи риоя шудани ҳуқуқи мардумро ба беҳдошту сиҳҳатӣ арзёбӣ хоҳад кард. Гровер бо пахши изҳороте пеш аз сафар ба Душанбе гуфтааст, ки ният дорад таваҷҷӯҳи ҳукумат, шарикон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳалли масъалаи хизматрасонии беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ҷалб кунад, ки ғолибан бар асоси маблағҳои хусусии ғайрирасмии мардум ба роҳ монда шудааст. Вай мегӯяд, ки хароҷоти беҳдоштии мардуми ин кишвар аз се ду ҳиссаи бахши хароҷоти куллии беҳдоштро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, мо мавзӯи риоя шудани ҳуқуқи беморони рӯҳӣ ва ҳам гирифторони силро ба хизматрасонии тиббӣ арзёбӣ хоҳем кард, гуфтааст гузоришгари вижаи СММ.
XS
SM
MD
LG