Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Пентагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ташаккур кард


Вазири дифои Амрико Леон Панетта мақомоти кишварҳои Осиёи Марказиро барои иҷозаи истифодаи қаламравашон дар интиқоли фанновариҳои низомии НАТО, ки Афғонистонро тарк хоҳанд кард, ташаккур кард. Шоми душанбе Панетта бо мақомоти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон дар ҳошияи нишасти НАТО дар Чикаго мулоқот кард. Сухангӯи Пентагон гуфт, ки Панетта ба кишварҳои Осиёи Марказӣ “аз таҳи дил изҳори сипос” кард, ки дар интиқоли борҳо тавассути роҳҳои шимолӣ кӯмак мекунанд. Вашингтон ҳоло шароити интиқоли аслиҳаро аз хоки ин кишварҳо бо раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Русия баррасӣ дорад, ки бояд то охири соли 2014 анҷом шавад. Роҳҳои Покистон кӯтоҳтару камхарҷтаранд, вале баъди кушта шудани 24 сарбози покистонӣ дар соли гузашта Исломобод роҳҳояшро бастааст.
XS
SM
MD
LG