Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин киштии хусусӣ ба фатҳи кайҳон баромад


Як киштии бесарнишини тиҷоратӣ барои нахустин бор ба таври озмоишӣ аз аёлати Флорида ба Истгоҳи байналмилалии кайҳон партоб шуд. Ин нахустин ҳодисаи ба кайҳон фиристода шудани киштие аз ҷониби як ширкати хусусӣ мебошад. То ҳол тамоми мавридҳои ҳамсони фатҳи кайҳон аз ҷониби сохторҳои ҳукуматӣ анҷом мешуд. Капсулаи “Спейс Икс Драгон” дар киштии “Фалкон 9” субҳи сешанбе аз маркази кайҳонии НАСА партоб шуд. Интизор аст, ки он рӯзи ҷумъа ба истгоҳи кайҳонӣ фуруд ояд. Ин киштии кайҳонӣ сохти як ширкати тавлидкунанади фанновариҳои кайҳонии Калифорния мебошад.
XS
SM
MD
LG