Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати журналистон ба таҳқиқи ҳодисаҳои латукӯби чеҳраҳои ҷамъиятӣ


Созмонҳои мудофеи матбуот аз ҳодисаҳои ахири ҳамлаву лату кӯби намояндагони фаъоли ҷамъият изҳори нигаронӣ карданд. Дар як изҳороти муштараки Иттиҳоди журналистон, анҷумани НАНСМИТ, Медиа-Алянс, Шӯрои матбуот ва чанд созмони дигар ҳодисаҳои ҳамлаву лату кӯби журналисти телевизиони “Сафина” Далер Шарипов, раиси ҷамъияти ӯзбакони Хатлон Салим Шамсиддинов ва нависанда Равшани Ёрмуҳаммад маҳкум шудааст. Созмонҳои журналистӣ ба таҳқиқи мӯшикофонаи ин ҳодисаҳо, ки ба гуфтаашон “бо ҳадафи ноамну тарсу кардани рӯҳияи ҷомеа” шудаанд, даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG