Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба нишасти Эрону кишварҳои шашгонаи барои баррасии барномаи ҳастаии Эрон


Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ омодагӣ мебинанд, ки рӯзи чоршанбе дар Бағдод далелҳои сулҳомез ва амн будани барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро бишнаванд. Саид Ҷалилӣ, раҳбари гурӯҳи музокиротии Эрон, ки аллакай дар пойтахти Ироқ ба сар мебарад, гуфт, умедвор аст, ки ин мулоқот оғози тозае дар ҳамкориҳои ду ҷониб хоҳад буд. Тибқи гузоришҳо, эҳтимолан Эрон дар ин нишаст аз Ғарб даъват хоҳад кард, ки Теҳронро аз таҳримҳо озод кунад ва бар иваз, Ҷумҳурии Исломӣ муфаттишони байналмилалиро иҷоза хоҳад дод, ки аз маконҳои мавриди ташвиши онҳо дар қаламрави ин кишвар дидан кунанд.
XS
SM
MD
LG