Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави зиддиэронии Сенати Амрико


Сенати ИМА бастаи нави таҳримҳои иқтисодӣ дар баробари бахши нафти Эронро пазируфт.

Ҳадафи таҳримҳо – маҳрум сохтани Теҳрон аз фойиаи фурӯши нафт бо роҳи қатъи қарордодҳо бо ширкатҳои нафту гази Эрон аст. Таҳримҳо алайҳи ширкатҳое равона шудаанд, ки мехоҳанд бо бахши нафту гази Эрон ҳамкорӣ кунанд.

Аз ин пеш Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳи дигари ҳамин қонунро пазируфта буд ва акнун Сенат ва палатаи поёнӣ бояд дар ин мавзӯъ мавқеъи ягонаи худро таҳия намоянд.

ИМА ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG