Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: НАТО рисолаташро дар Афғонистон иҷро хоҳад кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар нишасти НАТО дар шаҳри Чикаго изҳори итминон кард, ки кишварҳои узви Паймон бо талошҳои муштарак рисолати худро дар Афғонистон ба анҷом мерасонанд. “Нафаре аз мо аз ӯҳдадориҳои худ сарпечӣ нахоҳад кард”, гуфт ӯ.

Дар бузургтарин дар таърих нишасти Паймони НАТО ба ҷуз ҳайатҳои кишварҳои узв ҳамчунин намояндагони тақрибан 60 кишвару чанд созмони ҷаҳонӣ ширкат доштанд.

Андерс фог Расмуссен, Дабири куллии НАТО, бори дигар нақшаи то охири соли 2014 аз Афғонистон берун кардани низомиёни хориҷиро тайид кард. Дар нишаст тасмим гирифта шуд, ки раванди интиқоли масъулияти таъмини амният дар Афғонистон аз НАТО ба нерӯҳои маҳаллӣ то миёнаҳои соли оянда поён ёбад.

Ширкатдорони нишаст ҳамчунин аз Исломобод даъват карданд, ки ҳарчӣ зудтар интиқоли борҳо барои эътилофи байнулмилалӣ аз тариқи хоки Покистонро аз сар бигирад.
XS
SM
MD
LG