Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русияи воҳид" мухолифинро муҷозот мекунад


Ҷиноҳи ҳизби “Русияи боадолат” дар Думаи давлатии Русия дар баррасии тарҳи қонун оид ба боло бурдани ҷарима барои қонуншиканӣ ҳангоми намоишҳои оммавӣ ширкат нахоҳад кард.

Муовини раиси ин ҷиноҳ Геннадий Гудков ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки қарор аст ҳангоми шурӯъи баррасии ин мавзӯъ ҳама вакилони ҳизб толорро тарк намоянд. Ӯ афзудааст, ки ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” мехоҳад мизони ҷаримаро то якуним миллион рубл боло барад, ки ин як тадбири муҷозотӣ барои мухолифини ҳукумат аст.

Раҳбарияти “Русияи воҳид” изҳор намуд, ки дар тарҳи қонун андозаи ҷаримаро то 500-600 ҳазор рубл пойин хоҳад бурд ва аммо вакилон аз ҳизби коммунист ва ҳизби либерал-демократӣ мухолифи тарҳ садо баланд карданд.

Намоишҳои эътирозӣ алайҳи дар садри Русия нишастани Владимир Путин дар Маскав ва чанд шаҳри бузурги кишвар аз 6 май ба ин сӯ идома доранд.
XS
SM
MD
LG