Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар Санъо беш аз 90 нафар ҷон бохтаанд


Бар асари таркиши маргталабона дар издиҳоми низомиён дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, беш аз 90 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамлаи террористӣ дар ҳавлии Кохи раисиҷумҳур дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки низомиён ба парад ба шарафи Рӯзи ваҳдати миллӣ омодагӣ мегирифтанд. Вазири дифоъ ва раиси Ситоди куллии артиши Яман низ дар тамрини парад ширкат доштанд ва аммо ба онҳо осебе нарасидааст.

Як афсар – шоҳиди ҳодиса гуфт, ки "мо ин ҳамлаи ҷиноиро маҳкум мекунем. Ин куштори воқеъӣ аст. Ҳангоме, ки мо парадро тамрин мекардем, ғайриинтизор таркиши мудҳише рӯй дод. Ҳама ҷо пур аз хун ва ҷасадҳо буд, дасту пойи одамон ба ҳар сӯ париданд".

Маргталаби либоси низомӣ дар тан маводи мунфаҷираеро тарконид, ки онро дар тани худ ҷой дода буд. Мақомоти Яман ангушти иттиҳом сӯи шабакаи “Ал-Қоида” карданд. Ҳамлаи ахир дар Санъо – хунбортарин баъд аз ваъдаи раисиҷумҳури нав Абдрабу Мансур ал-Ҳодӣ барои мубориза бо ифротгароҳои мустақар дар манотиқи ҷанубӣ ва шарқии Яман аст.
XS
SM
MD
LG