Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: НАТО мавзӯъи густаришро баррасӣ хоҳад кард


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар як мулоқот дар долонҳои нишасти Паймони НАТО дар шаҳри Чикаго изҳор намуд, ки дар мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Паймон бояд мавзӯъи густариши НАТО баррасӣ шавад. Дар ин мулоқот раҳбарони Боснӣ, Гурҷистон, Македония ва Черногория, ки талоши вуруд ба НАТО-ро доранд, ширкат доштанд. Вақт ва ҷойи баргузории нишасти навбатии сарони НАТО ҳанӯз маълум нест.

Барои вуруд ба НАТО Македония бояд баҳсаш бо Юнон дар мавриди номи кишварро ҳаллу фасл кунад, Гурҷистон бошад ба моҷаро бо Русия дар мавриди Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ хотима гузорад. Боснӣ ва Черногория дар ҳамин авохир ба татбиқи ислоҳоти барои вуруд ба НАТО зарурӣ шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG