Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ рӯйхати довталабони ин ҷоизаро эълом кард. Бино ба ин манбаъ, дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ барои соли 2012 шоир Аҳмадҷони Раҳматзод, коргардон Баҳодур Миралибеков, овозхон - Файзалӣ Ҳасанов, муҳандис ва муҳаққиқ Маҳмадраҳим Каримов, шоири кӯдакон Ҷӯра Ҳошимӣ тавсия ва интихоб шудаанд. Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ муҳимтарин ҷоизаи Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ аст, ки ҳуди 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот дорад. Солҳои ахир шикоятҳо дар ин хусус, ки афроди ношоиста соҳиби ин ҷоиза мешаванд, зиёд ба чашм мехӯрад. Иддае ҳам бар инанд, ки ин ҷоиза ба арзандатарин дастовард дар ин соҳаҳо дода шавад. Таърихи супоридани ҷоиза ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG