Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Теҳрон 14 маҳкумро ба дор кашиданд


Имрӯз дар Теҳрон 14 нафареро, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳукми қатл гирифта буданд, ба дор овехтанд. Додситонии Теҳрон танҳо ҳарфи аввали исми онҳоро нашр кардааст. Созмони Афви байналмилалӣ дар гузориши солонааш дар моҳи март гуфт, соли гузашта дар Эрон дастикам 360 ҳукми қатл иҷро шудааст, ки назар ба соли қаблӣ 112 маврид бештар буда, сеяки қатлшудагон ҷурми қочоқи маводи мухаддир доштаанд.
Теҳрон ҳукми қатлро барои ҳифзи назму қонуният муҳим мехонад. Дар Эрон ҳукми эъдом барои куштор, таҷовуз, ғорат ва қочоқи беш аз 5 кило маводи мухаддир дода мешавад.
XS
SM
MD
LG