Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми як зан дар иртикоби ошӯби Жанаозен


Ҳамсари як коргари нафткаш, ки дар иртикоби ошӯби хунини Жанаозен ба масъулият кашида шудааст, бо ҷурми тавзеъи шабномаҳо ва мамониат ба кори додгоҳ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд. Қозӣ Тамара Ерғазеваро ҳамчунин аз ҳаққи ширкат дар гирдиҳамоиҳо ва сӯҳбат бо журналистон маҳрум кардааст. Шабномаҳои Тамара Ерғазева бо талаби раҳоии шавҳараш буд ва ӯ ба як шоҳиди парванда нома фиристода, ба дурӯғгӯӣ айбдораш кардааст. Шавҳари ӯ Ҷонбир Эрғазевро дар ҷараёни саркӯбии ошӯби рӯзи 16 декабр, ки мунҷар ба ҳалокати 16 нафар аз тири нирӯҳои амниятӣ шуд, дастгир карданд. Дар иртикоби ошӯби Жанаозен дар маҷмӯъ 49 нафар ба додгоҳҳои Жанаозен ва шаҳри ҳамҷавори Шетпе эҳзор шудаанд.
XS
SM
MD
LG