Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Аҳзоби мухолифи Озарбойҷон дар остонаи озмуни Eurovision дар Боку тазоҳуроти бидуни иҷозат доир карданд. Бино ба хабарҳо, чанд эътирозгар латукӯб ва боздошт шудааст. Ҷунбишҳои мухолиф гуфта буданд, ки дар рӯзҳои Eurovision, ки рӯзи шанбе дар Боку оғоз ёфт, ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба масоили ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон даст ба эътирозҳо хоҳанд зад. Имрӯз даҳҳо тарафдори Палатаи ҷамъиятӣ дар назди осорхонаи Низомӣ гирд омада, истеъфои шаҳрдори Боку Ҳоҷибуллоҳ Абӯтолибовро талаб карданд, вале пулис монеъи раҳпаймоии онҳо ба сӯи бинои шаҳрдорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG