Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Афғонистон дар рӯзи дувуми нишасти НАТО


Имрӯз дар рӯзи дувуми нишасти сарони НАТО дар Чикаго нақшаи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон баҳс ва тасвиб хоҳад шуд. Қарор аст, имрӯз сарони НАТО мавзӯъи то миёнаи соли 2013 ба нирӯҳои афғон супурдани масъулияти амалиёти ҷангӣ ва таъмини хуруҷи аксарияти кулли 130 000 сарбози эътилоф то поёни соли 2014-ро баҳс кунанд. НАТО мехоҳад аз 28 узваш барои таъмини нирӯҳои пулис ва артиши Афғонистон ваъдаи кумакҳои дарозмуддат бигирад. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дирӯз ба ҳамтои амрикоияш Барак Обама гуфт, Кобул дигар намехоҳад як “бори гарон” дар гардани ҷомиаи байналмилалӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG