Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости 10 сол барои мақоми пулиси Қумсангир


Айбдоркунанда Қутбининисо Мирзоева имрӯз аз додгоҳи ноҳияи Қумсангир барои муовини собиқи раиси пулиси ин ноҳия Нуриддин Наботов 10 сол ва барои раҳбари собиқи бахши мубориза бо маводи мухаддири Қумсангир Маҳмад Шарипов 14 сол ҳукми зиндон хост. Наботов ба сӯъиистифода аз мақом, ришвахориву қаллобӣ ва боздошти ғайриқонунӣ ва шарики ӯ бар илова ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ҳам айбдор мешавад. Мурофиаи ин ду мақоми собиқи пулис дар додгоҳи Қумсангир то 24 май ба таъхир гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG