Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби хоккейи Русия - қаҳрамони ҷаҳон


Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба хоккей дар Хелсинкии Финляндия бо пирӯзии дастаи мунтахаби Русия анҷом ёфт. Хоккейбозони рус дар бозии ниҳоӣ бар тими миллии Словакия бо ҳисоби 6:2 ғолиб омаданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Чех, ки барои ҷойи севум бар тими мизбон – Финляндия бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард, барандаи медали биринҷӣ шуд.
XS
SM
MD
LG