Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Афғонистонро рӯзҳои сахт дар пеш аст"


Мулоқоти раисони ҷумҳури Афғонистон ва Амрико Ҳомид Карзай ва Барак Обама дар ҳошияи нишасти Чикаго.
Мулоқоти раисони ҷумҳури Афғонистон ва Амрико Ҳомид Карзай ва Барак Обама дар ҳошияи нишасти Чикаго.

Нишасти сарони кишварҳои узви НАТО бо ваъдаи идомаи ҳамкории низомӣ ба Афғонистон баъд аз 2014 шурӯъ шуд.

Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО, рӯзи якшанбе зимни ифтитоҳи нишаст гуфт, “мо ҳамроҳ ӯҳдадориҳои минбаъдаи худро дар Афғонистон муайян хоҳем кард. Мо бояд мутмаин шавем, ки то поёни соли 2014 раванди интиқоли масъулияти амният ба нерӯҳои афғонро хатм мекунем ва ҳамчунин дар бораи моил буданамон ба ҳамкории дарозмуддат бо мардуми афғон баъд аз соли 2014 паёми рӯшан медиҳем."

Дар нишасти Чикаго сарони давлатҳову ҳукуматҳои 28 кишвари узви НАТО, ҳамчунин раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, ҳамтои покистонии ӯ Осиф Алӣ Зардорӣ, ҳайатҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла, ҳамсояҳои Афғонистон ширкат доранд. Аз Тоҷикистон дар ин нишаст Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии кишвар намояндагӣ мекунад.

Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО
Нишаст дар ҳоле мегузарад, ки дар бархе аз давлатҳои узви НАТО талабҳои қабл аз вақти муқарраршуда, яъне поёни соли 2014 берун кардани нерӯҳои ҳарчӣ баландтар садо медиҳанд. Раисиҷумҳури нави Фаронса Франсуа Олланд аз ҷумла ваъда додааст, ки то охири соли равон низомиёнашро аз Афғонистон бозмехонад.

Барак Обама, мизбони нишасти НАТО, раҳбарону аъзои ҳайатҳои кишварҳои гуногунро дар Чикаго хайрамақдам гуфт ва НАТО-ро “нерӯмандтарин ва муваффақтарин иттиҳод дар олам” номид. Ӯ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот кард ва изҳор намуд, ки НАТО-ву Афғонистонро рӯзҳои мушкил дар пешанд. Ҳамзамон дар нишасти хабарии муштарак Обама ва Карзай эълом доштанд, ки поёни ҷанг дар Афғонистон наздик аст ва онҳо дар роҳи дуруст гом мегузоранд.

Обама афзуд, дар нишасти Чикаго давраи ояндаи гузариш дар Афғонистон, яъне баъд аз хуруҷи нерӯҳои таҳти фармони НАТО, баҳсу баррасӣ хоҳад шуд. Карзай гуфт, ӯ бетоқатона он рӯзро интизор аст, ки кишвараш дигар бори гарон бар дӯши ҷомеъаи ҷаҳонӣ нахоҳад буд. Раҳбари Афғонистон аз Амрико миннатдорӣ намуда, ки чандин сол набарди кишвараш бо ҷунбиши “Толибон” ва шабакаи “ал-Қоида”-ро сармоягузорӣ кардааст.

Дар долонҳои нишасти НАТО дар робита ба дигар мавзӯъҳо низ изҳороту баёнияҳо нашр мешаванд. Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен ва намояндаи ИМА дар ин паймон Иво Даалдер, аз ҷумла, гуфтанд, ки НАТО ба вазъ дар Сурия дахолат нахоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо, кишварҳои узв роҳҳои таъсиргузорӣ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро меҷӯянд, то ки ӯро барои
Эътирозгарон дар Чикаго бо худ шиорҳои қатъи ҷанг ва мубориза бо фақрро доштанд.
Эътирозгарон дар Чикаго бо худ шиорҳои қатъи ҷанг ва мубориза бо фақрро доштанд.
иҷрои тарҳи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннон водор созанд. Ноиби вазири умури хориҷии ИМА дар умури амнияти миллӣ Бен Родс хабар дод, ки Вашингтон ва ҳампаймонҳояш аз мухолифини Сурия пуштибонии дипломатӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти амниятии Амрико талош доранд, ки аз халалдор шудани нишасти НАТО бар асари эътирозҳои ҳазорон нафари дар Чикаго ҷамъомада ҷилавгирӣ кунанд. Рӯзи якшанбе эътирозгарон, ки бо худ шиорҳои гуногун – аз қатъи ҷанг то мубориза бо фақрро доштанд, бидуни эҷоди мушкил барои нерӯҳои амниятӣ дар маркази шаҳр раҳпаймоӣ карданд.

Ба иттилои полиси Чикаго, тайи ин ҳафта чандин нафар аз эътирозгарон боздошт шуданд, аз ҷумла, панҷ нафар бо иттиҳоми терроризм – онҳо бо худ бомбҳои худсохт доштанд. Ба иттилои полис, ин гумонбарон мехостанд ба ситоди маъракаи интихоботии раисиҷумҳур Барак Обама ҳамла карда, яке аз пул ё купрӯкҳои шаҳрро битарконанд.

Дар даргири тазоҳуркунандагон бо полис ба камияш 45 нафар аз эътирозгарон боздошт шудаанд.

Даргирии тазоҳукунандагон ва полис дар Чикаго
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00
XS
SM
MD
LG