Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ба ғолибони ояндаи Олимпиада хона ваъда кард


Ҳизби Наҳзати Исломӣ эълом кард, ки барои ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 аз Тоҷикистон манзил медиҳад.

Дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумат ба ҳар барандаи медали тилои Бозиҳои сивуми олимпии Лондон ҷоизаи ибораи аз 300 000 сомонӣ ва барои барандагони нишонҳои нуқраву биринҷӣ 250 000 ва 200 000 сомонӣ муқаррар кардааст, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ рӯзи 20-уми май гуфт, барои барандагони ҷойҳои аз як то сеюм дар рақобатҳои Лондон манзили дуҳуҷрагӣ тақдим хоҳад шуд.

Ин нуктаро ҷаноби Кабирӣ дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми май таҷлил мешавад, дар қароргоҳи ин ҳизб баён дошт. Ӯ гуфт, ҳатто ҲНИТ омодааст, бархе аз ҳаводоронро ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба Лондон аз ҳисоби худ бифиристад, агар мақомот барои онҳо низ “квота” ҷудо кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳадафи аслии ин иқдом пуштибонӣ кардани варзиши тоҷик ва ташвиқи дигар сохторҳо, ҳизбҳо ва шахсиятҳо барои кумак ба варзишгарон дар чунин лаҳзаҳост."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00
Линки мустақим


Дар ин маҳфил ҳамчунин раҳбари ҲНИТ ба Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик ва таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов барои пешрафтҳояшон ифтихорнома ва мукофот тақдим кард.

Ба ақидаи мушоҳидони вазъ, бо афзоиши муваффақияти варзишгарони тоҷик дар арсаи байнулмилал ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти давлатӣ мехоҳанд, хайрхоҳии худро ба ин пешрафтҳои кишвар нишон диҳанд. Ба ғайр аз раҳбари давлат ва акнун Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчунин бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев, бо номи “Дастгирӣ ва ҳавасмандкунии варзишгарони беҳтарини пойтахти кишвар” ба барандагони медалҳои тилои Бозиҳои олимпӣ манзилҳои дуҳуҷраӣ ва унвони “Шаҳрванди ифтихории Душанбе” дода мешавад.

Ба варзишгарони Душанбе, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои дувумро мегиранд, мукофотпулӣ ба маблағи 45 000 сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, 35 000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.

То кунун варзишгарони Тоҷикистон ба Олимпиадаи Лондон 13 роҳхат ба даст овардаанд, ки онҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таеквон-до ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG