Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амано бо мақомоти Эрон музокирот мекунад


Имрӯз дар Теҳрон музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон баргузор мешавад, ки дар он Юкия Амано, раиси Ожонси байнулмилалии нерӯҳи ҳастаӣ ё МАГАТЭ, ширкат хоҳад кард.

Ба гуфтаи Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, сафари Амано бояд вазъ дар атрофи барномаи ҳастии кишварро рӯшан созад. Сафари Юкия Амано дар арафаи идомаи машваратҳо миёни панҷ кишвари узви доимии СММ ба изофаи Олмон ва ҳайати Эрон мегузарад. Машваратҳо рӯзи чаҳоршанбе дар Бағдод аз сар гирифта мешаванд.

Аз ин пеш раҳбари МАГАТЭ шонсҳои расидан ба созиш бо Эрон дар мавриди тафтиши муассисаҳои ҳастаии кишварро мусбат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки дар ин бора “ҳанӯз чизи мушаххасе наметавон гуфт”.

Эрон беш аз чаҳор сол боз нозирони МАГАТЭ-ро ба муассисаҳои ҳастаии худ роҳ намедиҳад ва аз ироаи санадҳои зарурӣ ба Ожонс худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG