Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зардорӣ хостори қатъи зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин шуд


Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, аз ИМА талаб кард, ки дар мавриди ҳалли мушкили марбут ба зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба хоки Покистон тасмими ниҳоӣ бигирад. Ба гуфтаи намояндаи раҳбари Покистон, ин дархост дар мулоқоти Зардорӣ бо вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар долонҳои нишасти НАТО дар Чикаго ироа шуд.

Президенти Покистон ҳамчунин аз Вошингтон даъват кардааст, ки барои ҳалокати 24 низомии покистонӣ дар ҳамлаи иштибоҳии ҳавопаймои амрикоӣ ба таври бояду шояд узр бихоҳад. Бар асари ин ҳодиса ҳукумати Покистон интиқоли борҳои амрикоӣ барои нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон аз тарақи қаламрави кишварро қатъ карда буд. Чанд рӯз пеш Исломобод эълом дошт, ки тасмимашро дар ин бора бознигарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG