Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз осмони Тоҷикистон боронӣ хоҳад буд


Имрӯз осмони шаҳри Душанбе нимаабрӣ шуда каму беш борон меборад, аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд нимаи аввали рӯз ҳавои офтобӣ дар назар аст ва аммо қарибиҳои шом каме борон меборад, ҳарорат то 27 дараҷа боло меравад.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳаво боронӣ ва то 26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳавои соф пешбинӣ шудааст, то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ ҳаво нимабрӣ шуда, каму беш борон меборад, аз 14 то 25 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG